Wikibooks tgwikibooks https://tg.wikibooks.org/wiki/%D0%A1%D0%B0%D2%B3%D0%B8%D1%84%D0%B0%D0%B8_%D0%B0%D1%81%D0%BB%D3%A3 MediaWiki 1.45.0-wmf.9 first-letter Медиа Вижа Баҳс Корбар Баҳси корбар Wikibooks Баҳси Wikibooks Акс Баҳси акс Медиавики Баҳси медиавики Шаблон Баҳси шаблон Роҳнамо Баҳси роҳнамо Гурӯҳ Баҳси гурӯҳ TimedText TimedText talk Модул Баҳси Модул Афсонаҳои халқи тоҷик/ Рӯбоҳ ва паланг 0 2275 3640 2676 2025-07-10T03:41:23Z 95.214.211.212 3640 wikitext text/x-wiki Буд, набуд, як рӯбоҳ буд. Рӯбоҳи айёру маккор буд. Як pӯз ягон паррандаро дошта хурданӣ шуда, рафта истода буд, ки якбора aз пешаш паланг баромада монд. Рӯбоҳи бечора тарсиду дир-дир ларзиду роҳи гурезро пеш кус Гурехта рафта истода буд, ки ҷарии чукуре баромад. Илоҷи гузаштан набуд, чӣ кор карданашро надониста, ба болои як санги калон баромаду ба гиря cap кард. Паланг ҳайрон шуда, пурсид: - Эй рӯбоҳ, ба ту чӣ шуд, барои чӣ гиря мекунӣ? - Оҳ, ман шуморо дидаму падаратон ба хотирам омаданд. Раҳматӣ, ҷояшон ҷаннат шавад, ҳамин қатар нотарсу чобуку чолок буданд, ки аз чариҳо чашм пӯшида меҷаҳиданд, аз кӯҳ мепариданд, аз дарёҳо мегузаштанд. Сад афсӯс, ки дидани корномаҳои ин хел далерон ба ман муяссар намешавад. Гиряи ман ана барои ҳамин аст. Паланг ин гапро шунида, бо ғypyp cap бардошту дар пеши рӯбоҳ чусту чолокии худро намоиш доданӣ шуда, aз ҷарӣ ҷаҳид. Ҷаҳиду ба қаъри ҷарӣ рафта зад. Рӯбоҳ ба таги ҷарӣ нигоҳ карда, писханд зaдa гуфт: - Ман медонистам, ки шумо дигару падаратон дигар. Ҳар фарзанд падараш барин намешавад.<ref>[https://maktab.tj/afsonaho/ruboh-va-palang/ Рӯбоҳ ва паланг] </ref> == Манбаъ == <references/> [[Гурӯҳ:Афсонаҳои халқи тоҷик]] 9g3sgxm71pd1cga4hz5mdufp8qf7zro